Ссылки доступа

Сокини Тошканд мехост, тифли шашрӯзаашро $18 ҳазор фурӯшад


Сокини ноҳияи Янгиҳаёти шаҳри Тошканди Узбекистон ҳангоми фурӯхтани тифли шашрӯзааш боздошт шудааст.

Ба огаҳии Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Додситонии кулли Узбекистон, ин зан 7 август мехост, тифлашро бар ивази 18 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯшад. Ӯ ҳангоми гирифтани пул дастгир шудааст.

Зидди модари кудак бо банди "Хариду фурӯши одам" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

XS
SM
MD
LG