Ссылки доступа

Фирори беш аз 140 низомии афғон бо чархболу ҳавопаймо ба Тоҷикистон


Аэропорт города Бохтар на юге Таджикистана
Аэропорт города Бохтар на юге Таджикистана

143 низомии Афғонистон шаби 15-уми август тавассути чархболу ҳавопаймо аз ин кишвар фирор карда, дар фурудгоҳи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон поин омадаанд.

Манобеъ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, низомиёни фирории афғонро муваққатан дар хобгоҳи Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав дар Бохтар ҷой кардаанд.

"Дар миёнашон ду зан ҳаст. Онҳо шаби гузашта омаданд. Ҳоло мавзӯи гузарондани онҳоро барои ҷойи дигар баррасӣ доранд. Ҳар гуна пешниҳодҳо аст. Ҳанӯз як хулосаи ниҳоӣ нашудааст", -- афзуд яке аз мусоҳибони мо, ки ба нахост номаш фош шавад.

Ба қавли ӯ, низомиён бо се ҳавопаймо ва ду чархбол дар фурудгоҳи Бохтар поин шуда, аз онҳо 55 силоҳи гуногун гирифта шудааст.

Фирори низомиёни афғон ба Тоҷикистон баъди ба дасти Толибон афтодани шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, сурат гирифтааст. Дар остонаи суқути пойтахт, президент Ашраф Ғанӣ бо чанде аз наздиконаш кишварро тарк карда буд.

XS
SM
MD
LG