Ссылки доступа

Даъвати 70 кишвар аз Толибон: "Марзу фурудгоҳҳо бояд боз бошанд"


У въезда в аэропорт Кабула
У въезда в аэропорт Кабула

Ҳудуди 50 кишвар ва аъзои Иттиҳоди Аврупо бо нашри изҳороти муштарак хостори таъмини амнияти бурунрафти онҳое шуданд, ки баъди ғасби шаҳри Кобул аз сӯи ҳаракати Толибон мехоҳанд,Афғонистонро тарк кунанд.

"Роҳ, фурудгоҳ ва марзҳо бояд боз бошанд. Оромӣ низ бояд ҳифз шавад. Мардуми Афғонистон ҳаққи зиндагии амн ва осоиштаро доранд. Аъзои ҷомеаи байналмилалӣ низ омодаи кумак ба онҳо ҳастанд", - омадааст дар изҳороти муштараке, ки Департаменти давлатии ИМА нашр кард.

Ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон рӯзи якшанбе, 15 август шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро бидуни ҷанг тасарруф карда, вориди қасри раёсатҷумҳурии он кишвар шуданд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ баъди ворид шудани ҷангҷӯён бо чанд тан аз наздиконаш аз кишвар фирор кард. Роҳила Дӯстум, духтари маршал Абдурашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии Афғонистон, шоми гузашта дар Фейсбук навишт, ки ҳавопаймои Ашраф Ғанӣ рӯзи гузашта чанде дар фазои Тоҷикистон гашта, баъд ба сӯи Умон раҳсипор шудааст.

XS
SM
MD
LG