Ссылки доступа

Тазоҳуроти фаъолони қирғиз дар назди сафорати Амрико дар Бишкек


Як гуруҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон дар робита ба парвандаи кони тилои "Қумтор"-и он кишвар дар назди сафорати Амрико дар шаҳри Бишкек тазоҳурот мекунанд.

Онҳо талаб доранд, ки додгоҳи шаҳри Ню-Йорки ИМА даъвои ширкати "Centerra Gold Inc."-ро дар бораи муфлис эълом шудани "Қумтор" мунсифона баррасӣ кунад. Яке аз эътирозгарон бо номи Нарис Калчаев гуфт, тазоҳуроти онҳо дар арафаи оғози баррасии парвандаи мазкур, ки қарор аст, 17 август шуруъ шавад, баргузор мешавад.

"Додгоҳи Ню-Йорк тасмим дорад, баррасии дархости "Centerra Gold Inc."-ро, ки мехоҳад, "Қумтор" муфлис эълом шавад, оғоз кунад. Мо талаб дорем, ки ин парванда мунсифона баррасӣ шавад", - гуфт ӯ.

Ширкатҳои зертобеи "Centerra Gold Inc". – "Қумтор Голд Компанӣ" ва "Қумтор Оперейтинг Компанӣ" аз додгоҳи Ню-Йорк дархост кардаанд, ки барои ҳимояти манфиатҳои ин ширкатҳо чораҳои иловагӣ андешад. Ба гуфтаи масъулони ширкатҳо, ҳукумати Қирғизистон талош дорад, кони тилоеро, ки онҳо дар ихтиёр доранд, бидуни асос ғасб кунад.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Дар доираи парвандаи ҷиноии фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор"-и Қирғизистон бародари Сооронбой - Асилбек Ҷеенбеков, сарвазири дигари пешини он кишвар Омурбек Бабанов, вакилони пешини порлумони Қирғизистон Исҳоқ Пирматов, Торобой Зулфиқоров ва Талантбек Узакбоев ва вакилону мансабдорони дигар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG