Бино ба иттилои расмӣ, 36 сокини Олмалиқ бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхонаи касалиҳои сияротии ноҳия интиқол ёфтаанд.
Рӯзи 15 август вазъи 31 тани онҳо беҳбуд ёфта, аз беморхона рухсат шудаанд. Панҷ тани дигар табобатро идома медиҳанд. Вазъи онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.
Ба ҷуз ин, 13 сокини дигари ноҳия, ки онҳо низ аз яхмос заҳролуд шуда буданд, дар бемористони шаҳри Оҳангарони вилояти Тошканд бистарӣ карда шудаанд. Табибон вазъи онҳоро "вазнини миёна" меноманд.
"Дар ҳоли ҳозир намояндагони ниҳодҳои дахлдор ҳодисаро таҳқиқ доранд", - омадааст дар иттилоияи бемористони Олмалиқ.