Дар ҳоли ҳозир масоҳати умумии сӯхтор 21 ҳектарро ташкил медиҳад.
Деҳаҳои Трекино ва Володарки Байтерек, ки дар миёни онҳо сӯхтор ба амал омадааст, дар 15-километрии маркази шаҳри Урал ҷойгиранд.
Кормандони наҷот 9 касро аз маҳалли сӯхтор ба ҷои бехавф интиқол додаанд. Дар ҳоли ҳозир барои хомуш кардани сӯхтор 31 корманди оташнишонӣ сафарбар карда шудааст.
Дар Департаменти ҳолатҳои изтирории вилоят гуфтанд, ки сӯхтор ба деҳаҳои дигари ҳамсоя таҳдид намекунад.