Ссылки доступа

Қирғизистон то 1200 гурезаи афғонро қабул мекунад


Сардори Идораи кор бо гурезаҳои Вазорати тандурустии Қирғизистон Жипара Мамбетова гуфт, то ҳол ягон шаҳрванди Афғонистон аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ накардааст.

Ба гуфтаи ӯ, гурезаҳои афғон дар сурати боз шудани марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон метавонанд ба он кишвар раванд. Ӯ гуфт, Қирғизистон метавонад 1200 гурезаи афғонро қабул намояд.

"Аз замони бад шудани вазъ дар Афғонистон то ҳол касе аз Қирғизистон дархости паноҳгоҳ накардааст. Вале тибқи пешбиниҳои мо, ин гуна дархост хоҳад шуд. Шаҳрвандони Афғонистон бори охир ду моҳ пеш дархости паноҳгоҳ карда буданд. Дар ҳоли ҳозир 73 афғонистонӣ унвони гурезаро дарёфт кардааст ва дархости 67 тани дигар дар ҳоли баррасист", - изҳор дошт Мамбетова.

Мамбетова афзуд, ки баррасии дархости паноҳандагӣ дар Қирғизистон метавонад то 6 моҳ тул кашад.

Қирғизистон аз соли 1996 узви Конвенсияи СММ дар бораи мақоми паноҳандагӣ аст.

XS
SM
MD
LG