Ссылки доступа

Панҷ нафар кушта дар терминалҳои Кобул (видео)


Аэропорт Кабула, 16 августа

Дар натиҷаи бебандуборие, ки дар миёни ҳазорҳо хостори тарки Афғонистон кардан дар терминалҳои фурудгоҳи Кобул рӯй дод, панҷ нафар кушта шуд.

Нирӯҳои ИМА гуфтанд, ки баъди ду даҳсола Афғонистонро тарк мекунанд ва ҷангиёни Толибон тавонистанд рӯзҳои истироҳати гузашта вориди Кобул шаванд. Чанд кишвари ғарбӣ гуфтанд, дипломатҳои сафоратҳои хориҷӣ ва ҳам нафаронеро, ки барои ҳукумат ва созмону кишварҳои хориҷӣ кор кардаанд, берун мебаранд.

Мақомот натавонистанд сабаби кушта шудани ин нафаронро бигӯянд, вале дар як навори видеоӣ, ки ба шабакаҳо роҳ ёфт, дида мешавад, ки даҳҳо нафар ба ҳавопаймое, ки дар фурудгоҳ ҳаракат мекунад, часпида талош мекунанд ба дохили он роҳ ёбанд.

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ҳамчун огаҳӣ ба ҳаво тир холӣ карданд, то ки мардум пароканда шаванд. Мақомоти амрикоӣ баъдан гуфтанд, ки барои ҷорӣ кардани тартибу интизом маҷбур шуданд муваққаттан фурудгоҳро бубанданд ва майдони ҳавоиро аз мардум холӣ кунанд, то ки ҳавопаймоҳо битавонанд парвоз кунанд.

Баръакси вазъи фурудгоҳ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Кобул, ки зери назари ҷангиёни Толибон қарор дорад, вазъ ором аст. Шаҳраки дипломатии Кобул холиву бекас менамояд, чун аксар сафоратҳо кормандонашонро берун мебаранд. Баъди он ки Толибон рӯзҳои истироҳати гузашта ҳукумати рӯ ба ғарби Кобулро сарнагун карданд, даҳҳо кишвар аз Толибон тақозо карданд, ки сулҳу оромиро дар кишвар риоя кунанд ва иҷоза диҳанд, ки хосторони тарки кишвар кардан озодона бираванд.

Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки 17-уми август вазъи Афғонистонро мехоҳад бо вазирони хориҷаи кишварҳои узв баррасӣ кунад, гуфт, “Афғонистон дар чорроҳа ҷойгир шудааст. Амнияту осоиши шаҳрвандон ва ҳам амнияти байналмилалӣ хеле нақши муҳим мебозад”.

XS
SM
MD
LG