Ссылки доступа

Русия теъдоди парвозҳо бо Тоҷикистонро бештар мекунад


Мақомоти Русия тасмим доранд, ки аз 27 август парвозҳои мунтазами ҳавоӣ бо Куриёи Ҷанубӣ ва Чехияро аз сар гирифта, теъдоди парвозҳо бо Маҷористон, Миср, Қибрис, Қирғизистон ва Тоҷикистонро бештар кунанд.

Дар ин бора Ситоди федеролии мубориза бо пандемияи коронавирус дар Русия хабар додааст.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, аз 27 август дар масири Москва-Душанбе ҳафтае 7 парвоз анҷом мешавад. Ба ҷуз ин, иҷозат дода хоҳад шуд, ки аз фурудгоҳҳои Русия ба шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе ва Кулоби Тоҷикистон ҳафтае як парвоз сурат бигирад.

Афзоиши парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия метавонад, барои муҳоҷирон хабари хуш бошад, чун садҳо муҳоҷири тоҷик ҳамарӯза дар назди нуқтаҳои билетфурӯшӣ мунтазири хариди билет ба самти Русия ҳастанд.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия 1-уми апрел оғоз шуданд. Феълан ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “ЮтЭйр” миёни ду кишвар парвозҳои доимӣ анҷом медиҳанд. Бар илова, ширкатҳои “Уралские авиалини”, “Ямал” ва “Сибир” ҳам бо парвозҳои чартерӣ мусофиронро ба Русия мебаранд.

XS
SM
MD
LG