Ссылки доступа

Фирори низомиёни афғон бо 46 чархболу ҳавопаймо ба Узбекистон


Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, рӯзҳои 14 ва 15 август 22 ҳавопаймо ва 24 чархболи низомии Афғонистон ҳарими ҳавоии он кишварро нақз карданд. Ҳамаи ин чархболу ҳавопаймоҳо иҷборан ба фурудгоҳи шаҳри Тирмиз фуруд оварда шудаанд.

Ба огаҳии додситонӣ, дар дохили ин чархболу ҳавопаймоҳо 585 низомии Афғонистон қарор доштанд.

Се ҳавопаймои "ЭМБРАЙЕР-314"-и Афғонистон рӯзи 15 август барои нишастан дар фурудгоҳи "Хонаобод"-и Қаршии Узбекистон дархости иҷозат кардаанд. Вале ба онҳо дастур шудааст, ба фурудгоҳи Тирмиз нишинанд. Барои ҳамроҳӣ кардани онҳо ду ҳавопаймои узбекии "МИГ-29" сафарбар карда шудааст.

Ҳавопаймои "МИГ-29"-и Узбекистон ҳангоми ҳамроҳӣ кардан дар осмони ноҳияи Шерободи вилояти Сурхандарё бо ҳавопаймои "ЭМБРАЙЕР-314" бархурдааст. Халабонҳои ҳар дуи ҳавопаймоҳо наҷот ёфтаанд.

Додситонии кулли Узбекистон афзуда, ки 15 август 158 шаҳрванд ва низомии Афғонистон аз рудхона гузашта, ғайриқонунӣ вориди ноҳияи Тирмизи Узбекистон шудаанд.

XS
SM
MD
LG