Ссылки доступа

Толибон барои мансабдорони афғон афв ваъда кард


Ҳаракати "Толибон" бо ваъдаи афви сартосарӣ аз тамоми кормандони ниҳодҳои давлатии Афғонистон даъват кардааст, ки ба маҳалли корашон баргарданд. Дар ин бора AFP бо истинод ба изҳороти намояндагони ҳаракат хабар додааст.

"Барои ҳама афви сартосарӣ эълом шудааст, то шумо бо боварӣ ба ҳаёти осоиштаи худ баргардед", - омадааст дар изҳорот.

Қаблан ҳудуди 50 кишвар ва аъзои Иттиҳоди Аврупо бо як изҳороти муштарак хостори таъмини амнияти бурунрафти онҳое шуда буданд, ки баъди ғасби шаҳри Кобул аз сӯи ҳаракати Толибон мехоҳанд, Афғонистонро тарк кунанд.

"Роҳ, фурудгоҳ ва марзҳо бояд боз бошанд. Оромӣ низ бояд ҳифз шавад. Мардуми Афғонистон ҳаққи зиндагии амн ва осоиштаро доранд. Аъзои ҷомеаи байналмилалӣ низ омодаи кумак ба онҳо ҳастанд", - омадааст дар изҳороти муштараке, ки Департаменти давлатии ИМА нашр кард.

Ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон рӯзи якшанбе, 15 август шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро бидуни ҷанг тасарруф карда, вориди қасри раёсатҷумҳурии он кишвар шуданд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ баъди ворид шудани ҷангҷӯён бо чанд тан аз наздиконаш аз кишвар фирор кард.

Дар ҳамин ҳол сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов ба радиои "Эхо Москва" гуфтааст, "вазъи Кобул аз давраи президент Ашраф Ғанӣ дида, дар давраи Толибон беҳтар аст".

"Ман назорати онҳо бар Кобулро аз рӯзҳои аввал пайгирӣ дорам. Таассуротам хуб аст", - афзудааст дипломати рус.

Ба гуфтаи Жирнов, ҳоло ӯ тасмим дорад, барои баррасии амнияти кормандони намояндагии дипломатии Русия бо намояндагони Толибон мулоқот кунад. Пештар низ хабар дода шуд, ки Толибон муҳофизати сафорати Русияро кафолат додааст.

XS
SM
MD
LG