Ссылки доступа

Барои шумориши аҳолии Қазоқистон беш аз $20 млн ҷудо шудааст


Дар доираи барномаи шумори аҳолӣ дар Қазоқистон, ки қарор аст, аз 1 сентябр то 30 октябр баргузор шавад, ба сокинон беш аз 90 суол дода мешавад.

Дар баробари суолҳои маъмулӣ - сину сол, ҷинс, миллат ва аъзои оила дар бораи дин ва сатҳи забондонии шаҳрвандон низ пурсида мешавад. Ин нуктаро сардори Бюрои омори расмии Қазоқистон Нурболат Айдапкелов дар як нишасти хабарӣ баён дошт.

Ҳамчунин ба шаҳрвандон дар бораи сафарашон ба хориҷ аз Қазоқистон, ҳадафу муҳлати он, вазъи оилавӣ ва ҷои кор доштан ё надоштани онҳо ҳам суол дода мешавад. Суолҳо дар бораи вазъи саломатӣ, биноӣ, шунавоӣ, хотира, мубталошавӣ ба коронавируси нав ва эм шудан ё нашудан зидди он низ ҳастанд.

Аз шахсоне, ки муваққатан дар Қазоқистон ба сар мебаранд, ҳадафи сафари онҳо пурсида хоҳад шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, барои шумориши аҳолии Қазоқистон аз буҷаи давлат 9,1 миллиард танга (ҳудуди 21 миллион доллар), аз ҷумла 4,7 миллиард танга барои музди меҳнати кормандон ҷудо шудааст. Айдапкелов гуфт, кормандоне хона ба хона мегарданд, ки зидди коронавируси нав эм шудаанд.

Шумориши аҳолии Қазоқистон қарор буд, соли 2019 анҷом шавад, вале он ба соли 2020 ба таъхир гузошта шуд ва пандемияи коронавируси нав низ нагузошт, он соли гузашта гузаронида шавад.

XS
SM
MD
LG