Ссылки доступа

Амруллоҳ Солеҳ мегӯяд, ӯ иҷрокунандаи вазифаи президенти Афғонистон аст


Амрулла Салех
Амрулла Салех

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, мегӯяд, бар асоси Қонуни асосӣ ӯ иҷрокунанда ё сарпарасти вазифаи президенти Афғонистон аст.

Солеҳ 17-уми август, пас аз ду рӯзи фирори раиси ҷумҳурии Афғонистон ва ворид шудани "Толибон" ба Кобул, дар Твиттер нигошт, ки "барои таҳкими ин ҷойгоҳ бо тамоми раҳбарони кишвар дар мушовара ҳастам."

"Бар асоси ҳукми сареҳ (возеҳ, ошкор)-и Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар сурати ғиёбат (нопадид шудан, набудан), фирор ва ё марги раиси ҷумҳурӣ, муовини аввал ба ҳайси сарпарасти мақоми раёсати ҷумҳурӣ қарор мегирад", -- гуфтааст ӯ.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, рӯзи якшанбеи 15-уми август, пеш аз он ки ҷангҷӯёни "Толибон" вориди Кобул шаванд, Афғонистонро тарк кард.

Вай дар Фейсбук навишт, ки "имрӯз бо интихоби сахте рӯбарӯ шудам: меистодам, бо "Толибон"-и мусаллаҳ, ки қасди дохил шудан ба Аргро доштанд, муқобил мешудам ё аз ватани азизам, ки 20 сол зиндагиамро сарфи ҳифозату тараққии он карда будам, биравам."

Ғанӣ дар ин паём гуфтааст, агар дар Афғонистон мемонд, шумори зиёди мардум кушта ва шаҳри Кобул бо барбодӣ ва вайронӣ рӯбарӯ мешуд, ки "пайомадаш фоҷеаи бузурги башарӣ мебуд".

Ҳоло дар куҷо ва дар чӣ вазъ будани Ашраф Ғанӣ маълум нест. Пештар гуфта мешуд, ӯ аввал ба Тоҷикистон омада, сипас ба кишвари севум, эҳтимол ба Умон, рафтааст, аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин хабарро рад кард.

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, рӯзи 17-уми август дар Твиттер гуфт, "ман дар дохили кишвар ҳастам ва ба сурати қонунӣ ва машруъ сарпарасти мақом/курсии раиси ҷумҳурӣ мебошам."

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи "Толибон" акнун бар аксарияти хоки Афғонистон, ба ҷуз аз вилояти Панҷшер, назорат дорад ва дар талоши эҷоди як ҳукумати интиқолӣ ё ба қавли баъзе аз намояндагонаш ҳамашумул ҳаст.

Амруллоҳ Солеҳ дар интихоботи президентии соли 2019 аз Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ кард ва ба мансаби муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон расид. Дар интихоботи президентии соли 2014 аз ҳомиёни доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.

Солеҳ пас аз сарнагунии режими Толибон (аз 1996 то 2001 қудратро ба даст доштанд) ҳафт сол раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон буд. Бо интиқодҳои сахташ аз артиши Покистон ва созмони истихобороти он кишвар машҳур аст.

XS
SM
MD
LG