Ссылки доступа

Посбонии муштараки қудратиҳои тоҷику қирғиз дар деҳаҳои наздимарзӣ


Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистону Тоҷикистон посбонӣ ё назорати муштаракро дар минтақаҳои наздимарзии ду кишвар оғоз карданд.

Ба огаҳии маъмурияти вилояти Бодканди Қирғизистон, 17 август дар ноҳияи Бодканд ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони пулиси ду кишвар бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз нақзи қонун ва роҳ надодан ба ҳангомаҳо гуруҳҳое ташкил шудааст.

Нахустин гуруҳҳои муштарак 17 август ба деҳаҳои Кок-Тош, Тош-Тумшук ва Воруху Оқсой рафта, ба сокинон фаҳмондаанд, ки қонунгузории ҳар ду кишвар барои ангехтани ҳангома ҷавобгарӣ пешбинӣ кардааст.

Намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон 16 август дар марзи ду кишвар бо ҳам дидору гуфтугӯ карда буданд. Дар ин мулоқот ҳайати Қирғизистонро раиси вилояти Бодканд Абдукарим Олимбоев ва намояндагони Тоҷикистонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳматзода раҳбарӣ мекарданд.

"Дастур дода шуд, ки ниҳодҳои қудратии ду кишвар назорати муштараки хати марзро пурзур карда, ба кандани дубораи хандақҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ иҷозат надиҳанд. Ҳамчунин насби ҳамагуна дурбинҳои назоратӣ ва сабткунанда дар марз бо розигии ду тараф анҷом шавад", - хабар дода буд сардори шӯъбаи ҳифзи тартибот, амният ва ҳолатҳои фавқулоддаи ҳукумати вилояти Ботканд Мусурмонбек Турсуматов.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марзи муштарак дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун муноқиша сар мезанад.

Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон даҳҳо кас аз ду тараф кушта ва даҳҳо манзилу иншооти дигар тахриб шуд.

XS
SM
MD
LG