Ссылки доступа

Қазоқистон маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро бекор намекунад


Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин гуфт, маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус дар рӯзҳои истироҳат дар минтақаҳои ин кишвар, ки аз нигоҳи вазъи бади эпидемиологӣ дар рӯйхати "сурх" қарор доранд, ҳифз мешавад.

Ҷорӣ кардани маҳдудиятҳоро дар рӯзҳои истироҳат ва ҷашнӣ вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой пешниҳод карда буд.

Ба гуфтаи ӯ, давоми чанд ҳафтаи ахир вазъи эпидемиологӣ дар Қазоқистон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

"Бинобар ин, бо мақсади беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ ва пешгирӣ аз афзоиши шумори мубталоён ба коронавирус пешниҳод карда мешавад, ки маҳдудиятҳо дар минтақаҳои шомили рӯйхати "сурх" дар рӯзҳои истироҳат ҳифз карда шавад. Ҳамчунин раванди эмкунии сокинон зидди коронавирус ва корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон бояд пурзӯр карда шавад", - афзудааст Сой.

Сарвазири Қазоқистон ҳам пешниҳоди вазири тандурустии он кишварро қабул кардааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳамаи минтақаҳои Қазоқистон, ба ҷуз аз вилояти Туркистон дар рӯйхати "сурх" қарор доранд.

XS
SM
MD
LG