Ссылки доступа

Сафири Афғонистон дар Душанбе Амруллоҳ Солеҳро президенти кишвараш эътироф кард


Мохаммад Захир Агбар, посол Афганистана в Таджикистане

Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, 18-уми август эълон кард, ки Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ, ба таври қонунӣ раиси ҷумҳури он кишвар аст.

Худи Амруллоҳ Солеҳ як рӯз пеш эълон карда буд, ки бар асоси Қонуни асосӣ, дар сурати набудани президент, фирор ё маргаш, ӯ иҷрокунанда ё сарпарасти курсии раиси ҷумҳурии Афғонистон мебошад. Ашраф Ғанӣ рӯзи 15-уми август, пеш аз он ки “Толибон” ба Кобул ворид шавад, Афғонистонро тарк кардааст ва маълум нест дар куҷост.

Гурӯҳи “Толибон”, ки назорат ба аксар қаламравҳои Афғонистонро ба даст дорад ва дар фикри ташкили ҳукумат аст, то кунун ба даъвои Амруллоҳ Солеҳ ва ҷонибдоронаш посух нагуфтааст.

Дар сафорати Афғонистон дар Душанбе акси Амруллоҳ Солеҳро ба ҷойи акси Ашраф Ғанӣ гузоштанд, 18-уми августи 2021

Муҳаммад Заҳири Ағбар рӯзи 18-уми август ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе фирори Ашраф Ғаниро "хиёнат ба давлату миллат" номид ва иддао кард, ки "ӯ 169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст".

Пештар баъзе аз расонаҳо бо такя ба дипломатҳо дар сафорати Русия дар Кобул навиштанд, Ашраф Ғанӣ бо худ садҳо миллион долларро бурдааст. Худи Ғанӣ ва наздиконаш то кунун дар ин робита ибрози назар накардаанд.

Ҳоло дар куҷо ва дар чӣ вазъ будани Ашраф Ғанӣ маълум нест. Қаблан гуфта мешуд, ӯ аввал ба Тоҷикистон омада, сипас ба кишвари севум, эҳтимол ба Умон, рафтааст, аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабарро рад кард.

Амруллоҳ Солеҳ 17-уми август, пас аз ду рӯзи фирори раиси ҷумҳурии Афғонистон ва ворид шудани "Толибон" ба Кобул, дар Твиттер нигошт, ки "ман дар дохили кишвар ҳастам ва ба сурати қонунӣ ва машруъ сарпарасти мақом/курсии раиси ҷумҳурӣ мебошам."

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи "Толибон" акнун бар аксарияти хоки Афғонистон, ба ҷуз аз вилояти Панҷшер, назорат дорад ва дар талоши эҷоди як ҳукумати интиқолӣ ё ба қавли баъзе аз намояндагонаш ҳамашумул ҳаст.

Амруллоҳ Солеҳ дар интихоботи президентии соли 2019 аз Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ кард ва ба мансаби муовини аввали раёсати ҷумҳури Афғонистон расид. Дар интихоботи президентии соли 2014 аз ҳомиёни доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд.

Солеҳ пас аз сарнагунии режими Толибон (аз 1996 то 2001 қудратро ба даст доштанд) ҳафт сол раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон буд. Бо интиқодҳои сахташ аз артиши Покистон ва созмони истихобороти он кишвар машҳур аст.

XS
SM
MD
LG