Ссылки доступа

Нурсултони расмӣ гуфт, шумори дақиқи қазоқтаборон дар Афғонистонро намедонад


Боевики группы «Талибан» в Афганистане

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон гуфт, теъдоди дақиқи қазоқтабороне, ки дар Афғонистон ба сар мебаранд маълум нест. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар Афғонистон шояд ҳудуди 15 хонаводаи қазоқтабор зиндагӣ кунад.

"Баъзе аз расонаҳо хабари дуруғеро паҳн кардаанд, ки гӯиё дар Афғонистон даҳҳо ҳазор қазоқтабор зиндагӣ мекунад. Ин нодуруст аст. Ба иттилои мо, онҳо 15 хонавода, ҳудуди 200 нафар ҳастанд. Теъдоди дақиқашонро намедонем. Дар ноҳияҳои Афғонистон шояд хонаводаҳои дигар низ бошанд, ки мо намедонем", - изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон Ойбек Смадияров 18 август.

Смадияров афзуд, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба вазорат "дастур" додааст, то дар таъмини амният ва бозгашти эҳтимолии қазоқтаборон ба ватани бобоии худ мусоидат кунад. Вазорат мегӯяд, қазоқтаборон пеш аз дарёфти иҷозати кӯчидан ба Қазоқистон бояд расмиётеро гузаранд, зеро онҳо бо вуҷуди қазоқтабор буданашон шаҳрванди Афғонистон мемонанд.

Ба иттилои вазорат, рӯзҳои ахир ба сафорати Қазоқистон дар шаҳри Кобул гуруҳи одамоне муроҷиат мекунанд, вале исбот карда наметавонанд, ки онҳо қазоқтабор ҳастанд. "Бархе аз онҳо ҳатто бо забони қазоқӣ гап зада наметавонанд", - изҳор дошт ӯ.

XS
SM
MD
LG