Ссылки доступа

Парвандаи Инондӣ: зидди марзбонони қирғиз тафтишот шуруъ шуд


Участники митинга в поддержку Орхана Инанды несут плакат с его изображением.
Участники митинга в поддержку Орхана Инанды несут плакат с его изображением.

Додситонии низомии Қирғизистон дар робита ба интиқоли президенти муассисаҳои байналхалқии омӯзишии "Сапат" Орҳан Инондӣ аз ин кишвар ба хориҷ тафтишотро оғоз кардааст. Тафтишот баъди муроҷиати вакили дифои Инондӣ ба Додситонии кулли Қирғизистон шуруъ шудааст.

Ба огаҳии додситонӣ, ҳоло зидди марзбонони Қирғизистон бо бандҳои "Хунукназарӣ" ва "Нақзи қоидаҳои хадамоти марзбонӣ" парванда боз гаштааст.

Вакили дифои Инондӣ -- Таалайгул Токтакунова бар ин аст, ки рабуда шудани шахси зери ҳимояааш аз Қирғизистон бояд таҳқиқ ва ба он баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Хадамоти марзбонии Қирғизистон то ҳол боз шудани парванда алайҳи кормандонашро шарҳ надодааст.

Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1-уми июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Дертар, 5 июл Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия хабар дода буд, ки Орҳан Инондӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст.

Ба қавли Эрдуғон, амалиёти ба Туркия овардани Инондиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орҳан Инондӣ "мудири ФЕТО дар Осиёи Марказӣ" ном бурд. "Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", - гуфт Эрдуғон.

Орҳан Инондӣ зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.

XS
SM
MD
LG