Ссылки доступа

Дар Узбекистон ба омори расмии КОВИД-19 бовар надоранд


Жители Андижана стоят в очереди за тестами на коронавирус.
Жители Андижана стоят в очереди за тестами на коронавирус.

Бархе аз рӯзноманигорони мустақили маҳаллӣ, блогерон ва наздикони қурбониёни коронавирус дар пасманзари мавҷи навбатии КОВИД-19 дар Узбекистон омори расмии мубталоён ва фавтидаҳо бар асари ин вирусро зери шубҳа қарор медиҳанд.

Бар асоси омори Вазорати тандурустии Узбекистон, шумори умумии мубталоёни коронавирус дар он кишвар расман ба 145615 расидааст. Теъдоди онҳое, ки аз оғози пандемия то имрӯз дар он кишвар бар асари коронавирус ҷон додаанд, расман 994 гуфта мешавад.

Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Узбекистон ин оморро ғайривоқеӣ меноманд. Рӯзноманигор ва блогер аз шаҳри Самарқанди Узбекистон Тошпулод Раҳматуллоев дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, қариб ҳар рӯз дар маросими дафни дустонаш, ки бар асари коронавирус ҷон додаанд, иштирок мекунад.

"Агар мақомот омори расмии ҳолатҳои фавтро расонаӣ мекарданд, мардум қоидаҳои беҳдоштиро бо диққат риоя мекарданд", - менависад ӯ.

Масъулони Вазорати тандурустии Узбекистон мегӯянд, ҳолатҳои фавтеро, ки бар асари гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ба миён омадааст, ба рӯйхати қурбониёни коронавирус шомил намекунанд. Дар ҳоле ки илтиҳоби шуш яке аз нишонаҳои ин вирус шумурда мешавад.

XS
SM
MD
LG