Ссылки доступа

Гурезаҳои афғон аз Қирғизистон мақоми расмии паноҳандагӣ талаб доранд


Беженцы из Афганистана перед зданием Посольства США в КР. Бишкек, 18 августа 2021 г.
Беженцы из Афганистана перед зданием Посольства США в КР. Бишкек, 18 августа 2021 г.

Гурезаҳои афғон, ки дар Қирғизистон ба сар мебаранд, дар назди биноҳои намояндагии СММ ва сафорати Амрико дар шаҳри Бишкек тазоҳурот карданд.

Ин гурезаҳои норозӣ мегӯянд, беш аз 20 сол мешавад, ки ба Қирғизистон рафтаанд, вале ба онҳо мақоми расмии паноҳандагӣ дода намешавад.

"Мо 22 сол мешавад, ки дар Қирғизистон зиндагӣ дорем. Фарзандони ман инҷо таваллуд шудаанд. Як духтарам рӯзноманигор ва дигарияш табиб шудааст. Писаронам варзишкор ҳастанд. Аммо ягон нафари мо то ҳол шиноснома надорем, ки ба хориҷ биравем. Ҳатто симкорти телефон харида наметавонем", - иҳор дошт яке аз тазоҳургарон.

Тазоҳургарон аз мақомоти Қирғизистон талаб карданд, ки барояшон унвони паноҳандагӣ диҳанд ё онҳоро ба Амрико ва Канада фиристанд.​

Пештар сардори Идораи кор бо гурезаҳои Вазорати тандурустии Қирғизистон Жипара Мамбетова хабар дода буд, ки кишвараш метавонад то 1200 гурезаи афғонро қабул намояд.

Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон 73 афғонистонӣ унвони гурезаро дарёфт кардааст ва дархости 67 тани дигар дар ҳоли баррасист.

Қирғизистон аз соли 1996 узви Конвенсияи СММ дар бораи мақоми паноҳандагӣ аст.

XS
SM
MD
LG