Ссылки доступа

Аз "Толибон" хостанд, ки ба ҳаққи занон эҳтиром гузорад


Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва 18 кишвари дигар аз гурӯҳи "Толибон" хостаанд, ки ба ҳуқуқ ва дахлнопазирии занону духтарон дар Афғонистон эҳтиром гузоранд.

Онҳо рӯзи 18-уми август дар эъломияи муштарак гуфтанд, ба хотири занону духтарон, ҳаққи омӯзиш, кор ва озодии гаштугузорашон ҷиддӣ нигарон ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки бахши афғонистонии Радиои Озодӣ рӯзи 18-уми август навишт, Шабнами Даврон, муҷрии зан дар телевизиони давлатии Афғонистонро иҷозаи вуруд ба ҷойи кораш надодаанд.

Вай гуфтааст: "Замоне ки низом тағйир кард, хостам, имрӯз сари кор биравам. Бо вуҷуди он ки корт доштам, иҷозаи вуруд ба ман дода нашуд. Ба ман ҳушдор доданд ва гуфта шуд, ки Шумо наметавонед ба вазифаи худ идома диҳед, зеро низом тағйир кардааст. Аммо ба ҳамкорони марди ман иҷозаи вуруд дода шуд."

То кунун “Толибон” дар мавриди суханони хонум Даврон шарҳе надодаанд.

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, як сухангӯи “Толибон”, рӯзи 17-уми август дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, гурӯҳи “Толибон” ҳуқуқи занонро мутобиқи шариати исломӣ риоят мекунад.

XS
SM
MD
LG