Ссылки доступа

Қазоқистон тамоми неруҳои сиёсии Афғонистонро "ба интиқоли осоиштаи қудрат даъват кард"


Здание МИД Казахстана в Нур-Султане

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон 19 август бо нашри як изҳорот гуфт, "рушди вазъ дар Афғонистонро бо диққат назорат мекунад".

"Дар таърихи Афғонистон лаҳзаи навбатии ҳалкунанда пеш омадааст. Низои чандинсоларо мардуми афғон бояд худ ҳал кунанд. Қазоқистон аз ҳамаи ҷонибҳои дастандаркор даъват мекунад, ки интиқоли қудрат дар ин кишварро ҳамчун омили асосии суботи дохилӣ таъмин созанд. Мо аз изҳороти Шӯрои амнияти СММ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир, риояи ҳуқуқи ақалиятҳои милливу занон, пешгирӣ аз ҳузури гуруҳҳои хатарзо барои кишварҳои дигар ва риояи меъёрҳои байналмилалиро ҷонибдорӣ мекунем", - омадааст дар изҳороти вазорат.

Ин ниҳод афзудааст, ки иҷрои ин муқаррарот бояд "шарти асосии гуфтугӯ бо ҳукумати нави Афғонистон бошад.

Ҳаракати Толибон тақрибан ҳамаи минтақаҳои Афғонистонро тасарруф кардааст. Ахиран расонаҳо бо истинод ба шоҳидон хабар доданд, ки ҷангҷӯёни ҳаракат дасти кам се иштирокчии тазоҳурот алайҳи худро кушта, чандин тани дигарро захмӣ карданд.

XS
SM
MD
LG