Ссылки доступа

Байден дар бораи вазъи Кобул гуфт, аз "бебандуборӣ ҷои гурез набуд"


Президент США Джо Байден
Президент США Джо Байден

Президенти ИМА Ҷо Байден дар нахустин мусоҳибааш баъди аз ҷониби Толибон ишғол шудани Кобул гуфт, вақте ИМА тасмим гирифт, ки баъди 20 соли ҷанг Афғонистонро тарк кунад, дарк мекард, ки аз “бебандуборӣ” ҷои гурез набуд.

Байден рӯзи 18-уми август дар сӯҳбат бо ABC News гуфт, ҳолати беназмиву бетартибиро бо рафтани нирӯҳои ИМА аз қабл пешбинӣ мекард ва ин чиз дар мисоли фурудгоҳи Кобул бараъло дида шуд.

Ҳаракати босуръати Толибон дар саросари Афғонистон ва ишғоли пайдарпаи қаламравҳои калони ин кишвар ҳазорҳо намояндагони кишварҳои ғарбӣ – дипломату кормандони мулкӣ ва ҳам афғонҳоеро, ки бо ин кишварҳо ҳамкорӣ кардаанд, барои тарки Афғонистон шитобзада кард. Байден дар мусоҳибааш гуфт, ки Толибон дар берун бурдани амрикоиҳову шаҳрвандони кишварҳои муттафиқи ИМА ҳамкорӣ мекунанд, вале барои берун бурдани он шаҳрванони Афғонистон вуҷуд дорад, ки ба эътилофи байналмилалӣ кӯмакҳо кардаву ҳоло аз қассосгирии Толибон меҳаросанд, мушкилоти муайян вуҷуд дорад. Қабл аз ин вазири дифои ИМА Ллойд Остин гуфт, ки 4500 корманди низомиаш дар фурудгоҳи Кобул қарор дошта “Толибон ҳеҷ амали баде накардаанд ва хатҳои иртиботии мо бо фармондеҳони Толибон боз мемонад”.

Раҳбари Пентагон гуфт, ки нирӯҳои амрикоӣ наметавонанд ба он қишри мардуми афғон, ки дар фикри тарки кишвар ҳастанд, барои расидан то фурудгоҳ кӯмак бикунанд. Як дипломати аршади амрикоӣ аз Толибон хост, ки ба хоҳишмандони тарк кардани кишвар иҷоза диҳанд, ки бемушкил то фурудгоҳ бирасанд. Венди Шерман, муовини котиби давлатии ИМА ба хабарнигорон гуфт, “Мо гузоришҳоеро дидем, ки Толибон, бар хилофи изҳороти расмӣ ва ӯҳдадориашон дар пеши ҳукумати мо, пеши роҳи он шаҳрвандони Афғонистонро мегиранд, ки хостори тарки кишвар ва расидан ба фурудгоҳ мебошанд”.

XS
SM
MD
LG