Ссылки доступа

Толибонро дар бастани роҳи фурудгоҳи Кобул айбдор мекунанд


Ҳукуматҳои як қатор кишварҳо дар пасманзари хабарҳо дар бораи эҳтимоли баста шудани роҳ ба сӯи фурудгоҳи Кобул аз сӯи Толибон раванди берунории шаҳрвандон ва ҳамкорони маҳаллии худро аз Афғонистон суръат мебахшанд.

Раҳбарони ҳаракати Толибон бо ваъдаи қасос нагирифтан аз мухолифони худ гуфтанд, ки мехоҳанд бар асоси шариати Ислом як ҳукумати ҳамашумулеро ташкил кунанд.

Вале бино ба хабарҳои расида аз Кобул, ҷангҷӯёни ҳаракат 19 август гузаргоҳҳои атрофи фурудгоҳи пойтахти Афғонистонро ғасб карда, ҳатто ба афғонистониҳое, ки дар даст барои парвоз санад доранд, иҷозати гузаштанро намедиҳанд.

Ҷамъан дар атроф ва дохили фурудгоҳи Кобул 12 кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG