Ссылки доступа

Ҷабборов: барқарорсозии иқтисоди Қирғизистон ба ҳолати пеш аз пандемия то соли 2023 имкон дорад


 Садыр Жапаров
Садыр Жапаров

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 20 август дар суҳбат бо раисони ҳукумати кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё гуфт, рушди воқеии ММД-и кишвараш дар соли равон 3,8% ва дар солҳои 2022-2023 ба ҳисоби миёна 4,4%-ро ташкил медиҳад.

Ҷабборов гуфтааст, пандемияи коронавирус дурнамои макроиқтисодии ҳамаи кишварҳои узви иттиҳодро заиф сохта, ба коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ, кундшавии рушди иқтисодӣ ва табодули мол миёни давлатҳои ҳампаймон сабаб гаштааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати коҳиши теъдоди мубталоёни коронавирус, ҳифзи суботи сиёсӣ, беҳсозии талаботи берунӣ ва шароити тиҷорӣ имкон дорад, ки то соли 2023 иқтисоди Қирғизистонро ба ҳолати пеш аз пандемия баргардонд.

Дар шаҳри Бишкек рӯзҳои 19 ва 20 августи соли равон ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG