Ссылки доступа

Нигарониҳо аз "бедаракшавӣ"-и мухолифи узбек баъди боздошташ


Рахмиддин Абраев
Рахмиддин Абраев

Узви Шӯрои марказии Ҳизби демократии "Эрк"-и Узбекистон Раҳмиддин Абраев 16 августи соли равон дастгир шудааст.

Раҳбарияти "Эрк" мегӯяд, хонаводаи шоири ҷавон ва фаъоли сиёсиро тарсондаанд ва маҳалли будубоши худи ӯ то ҳол маълум нест.

Хадамоти матбуотии ҳизб бо истинод ба наздикони Раҳмиддин Абраев хабар дод, ки кормандони пулис фаъоли сиёсиро 16 август дар манзили зисташ, дар ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарё дастгир кардаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Абраев се сол пеш бар асоси шикояти модарарӯсаш муҷозот шуда буд. Додгоҳ он замон вайрон ба "хушунати хонаводагӣ" айбдор ва озодияшро маҳдуд кардааст. Абраев як соли ҷазояшро адо карда, 26 майи имсол маҷбур шудааст, барои иштирок дар анҷумани ҳизб ба шаҳри Тошканд биравад.

"Кормандони пулис се моҳ баъд ӯро боздошт карда, бо худ бурдаанд. Вай ба хотири худсарона тарк кардани маҳалли зисташ бояд ду сол дар зиндон бимонад", - омадааст дар иттилоияи ҳизб.

Дар шуъбаи пулиси Муборак ва Раёсати пулиси Қашқадарё гуфтанд, ки дар бораи маҳалли будуши Абраев маълумот надоранд.

XS
SM
MD
LG