Ссылки доступа

Як зани афғонистонӣ ҳангоми фирор аз кишвараш таваллуд кард


Шоми 20 август як зани афғонистонӣ ҳангоми фирор аз кишвараш дар ҳудуди Узбекистон таваллуд кард, хабар медиҳад вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон.

"Зани 22-сола нахустин фарзанди худро таваллуд кард. Писари вай 3 килову 840 грам вазн дошт. Кӯдак як муддат зери назорати пизишкон мемонад", - хабар додааст вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон.

Мақомоти Узбекистон пештар хабар доданд, ки тавассути ин кишвар дар чанд рӯзи охир 1982 шаҳрванди хориҷӣ ба кишвари севум рафтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, 150 шаҳрванди Афғонистон бо хоҳиши худ ба кишварашон баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG