Ссылки доступа

Қирғизистониҳоро аз Афғонистон берун оварданд


11 қирғизистонӣ, ки бо кӯмаки сафорати Қирғизистон дар Қатар аз Афғонистон берун оварда шуда буданд, рӯзи 23 август ба шаҳри Бишкек расиданд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мегӯяд, ин шаҳрвандон нахуст аз Кобул ба Доҳа бурда шуда, аз он ҷо тавассути Дубай ба Бишкек расидаанд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, боқимонда шаҳрвандони ин кишвар дар Афғонистон дар маҳалли амн қарор доранд ва ба зудӣ ба ватанашон баргардонида мешаванд.

Ҳафтаи гузашта наздики 25 тани дигар аз шаҳрвандони Қирғизистон аз Афғонистон ба ватанашон баргардонида шуда буданд.

XS
SM
MD
LG