Ссылки доступа

Нахустин соҳибмедали олимпиро дар Туркманистон хонаву мошин ва $50 ҳазор доданд


Полина Гурева 

Нахустин ва ягона соҳибмедали олимпии Туркманистон дар тамоми солҳои истиқлоли ин кишвар Полина Гурева унвони варзишкори шоиста, мошин ва хона гирифт.

Дар ин бора нашрияҳои Туркманистон хабар доданд.

Полина Гурева 50 ҳазор доллар, манзили сеҳуҷраӣ дар шаҳри Ишқобод ва мошини навъи Lexus LX 570 Sport Plus дарёфт кард.

Ин туҳфаҳоро аз номи президенти он кишвар ноиб-сарвазири Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба варзишкор тақдим кард.

Маросими туҳфасупорӣ рӯзи 21 август дар шаҳри Ишқобод сурат гирифт.

Полина Гурева дар мусобиқаҳои олимпӣ рӯзи 27 июн дар Ҷопон соҳиби медали нуқра шуд.

Дар 30 соли истиқлоли Туркманистон ин нахустин медали олимпии варзишкорони он кишвар аст.

XS
SM
MD
LG