Ссылки доступа

Ҷаҳиши бесобиқаи нархи газ дар Тоҷикистон. Мақомот хомӯшанд, мардум -- нигарон


Ҳоло арзиши як литр газ аз марзи 8-9 сомонӣ гузаштааст. Боди гаронӣ аз куҷо мевазад? Афзоиши нархи сӯзишворӣ ба арзиши молу хадамоти дигар дар кишвар чӣ таъсир дорад?

Ҳафтаи дувум аст, ки дар Тоҷикистон нархи сӯзишворӣ, бахусус гази моеъ, пайопай боло меравад. Ҳоло арзиши як литр газ аз марзи 8-9 сомонӣ гузаштааст. Боди гаронӣ аз куҷо мевазад? Афзоиши нархи сӯзишворӣ ба арзиши молу хадамоти дигар дар кишвар чӣ таъсир дорад? Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон расман ба ин суолҳо ҷавоб нагуфтаанд, сокинон аз пайомадҳои гаронӣ дар ташвишанд.

Абдулмуҳаммини Қаландар дар миёни шаҳрҳои Душанбе ва Роғун мусофиркашонӣ мекунад. Агар то чанд моҳ пеш нархи роҳкиро барои як мусофир 25 сомонӣ буд, дар пайи болоравии нархи гази моеъ арзиши роҳкироро то 40 сомонӣ боло бурдааст.

Чанд вақт пеш як литр газ 3 сомониву чанд дирам буд. Ҳозир субҳ меравӣ, 8 сомонӣ аст, нисфирузӣ 8 сомониву 20 дирам ва бегоҳӣ 8 сомониву 40 дирам. Дар як рӯз ду-се бор нарх тағйир мекунад. Намедонем, аз кадом ҳисоб аст", -- гуфт ӯ рӯзи 23-юми август.

Баъзе аз ронандаҳои дигар дар дохили пойтахт мегӯянд, ҳафтаҳои охир тақрибан даромаде надоранд ва пули ёфтаашонро асосан ба харидани маводи сӯхт харҷ мекунанд. Солҳои охир бештари сокинон ба сабаби набудани ҷойи кор бо маоши муносиб ба таксиронӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон рӯй оварда буданд.

Ронандагон мегӯянд, нархи гази табиӣ рӯзе чанд дафъа боло меравад
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:33 0:00

Назаралӣ Қурбонов, ронандаи таксӣ дар Душанбе, мегӯяд, “давоми рӯз танҳо барои хӯрок кор мекунем. Чаҳор мусофир мегирем ва ба 3 сомонӣ меравем. 12 сомонӣ мешавад. Як литр бензин 10 сомонӣ аст. Чӣ фоида мемонад? Як литр газ ҳам 8 сомониву 50 дирам. Дар нуқтаи фурӯши “БензОйл” 9 сомонӣ аст. Ба мо ҳам ҷабр аст."

Ин дар ҳолест, ки пештар чанде аз сокинони пойтахт шикоят доштанд, ки арзиши таксиҳои ба истилоҳ “мардумӣ” аз се сомонӣ ба панҷ ва дар ҳафтаҳои охир то ба ҳафт сомонӣ гарон шудааст.

Нигаронии сокинон аз он аст, ки болоравии арзиши маводи сӯхт ба нархи ҳама гуна маҳсулот дар бозорҳо низ мегузорад. Маҳсулоти кишоварзиро аз ноҳияҳо ба шаҳрҳо ва маводи ғизоиву ашёи рӯзгорро аз пойтахт ба минтақаҳо бо мошинҳо мебаранд.

Иқтисоддонҳо як сабаби болоравии бесобиқаи нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон ба рақобати носолими ширкатҳо ва монополия шудани бозори маводи сӯхт медонанд. Ба бовари Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси тоҷик, “ғӯл”-ҳои бозори сӯзишворӣ дар баҳори имсол арзиши гази моеъро аз нархи аслӣ пойин оварда, ширкатҳои наву хурдро муфлис карданд.

“Он ширкатҳои хурд имкониятҳоро аз даст доданд. Ҳамакнун ширкатҳои бузурге, ки бозори маводи сӯхтро инҳисор кардаанд, ба воситаи баланд бардоштани нарх хароҷоти худро ҷуброн карда истодаанд", -- шарҳ дод ӯ.

Тиҷорати сӯзишворӣ ба уҳдаи чанд ширкат, аз ҷумла "Газпронефт Тоҷикистон" аст, ки аз онҳо монополисти соҳа ном мебаранд. Дар гузашта дар ин феҳраст номи "Фароз" низ зикр мешуд, ки ҳоло ба иддаои масъулонаш "барҳам хӯрдааст".

Коршиноси тоҷик, Файзулло Фатҳуллоев, сабаби дигари болоравии нархро ба маҳдуд шудани воридоти маводи сӯхт аз Қазоқистон рабт дод. Ӯ гуфт: “Дар шаш моҳи имсол 500 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 70 ҳазор тонна камтар аст.”

Моҳи марти имсол вакилони Маҷлиси намояндагон барои, ба гуфтаи худашон, муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулот, аз ҷумла, сӯзишворӣ Оҷонси захираҳои моддии давлатиро ҳангоми воридоти мол аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карданд.

Рӯзи 23-юми август дар Оҷонси захираҳои моддии давлатӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳоло танҳо талаботи мошинҳои хидматии идораҳои давлатиро ба сӯзишворӣ таъмин мекунанд. Як намояндаи Оҷонсӣ бе зикри ном гуфт, "мо захираи газ надорем, вале дигар навъи сӯзишворӣ, масалан бензин дорем, ки танҳо дар асоси санадҳои расмӣ ба идораҳои давлатӣ бо нархи нисбатан арзон дода мешавад".

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад. Ба иттилои расмӣ, соли 2020 ба кишвар 234 ҳазор тонна бензин ва 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ овардаанд.

XS
SM
MD
LG