Маркази матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ дод, ки қонуни мазкур тавассути роҳҳои мантиқии қонунӣ иҷрошавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи шаъну шарафро таъмин мекунад.
Порлумони Қирғизистон тарҳи қонуни мазкурро рӯзи 28 июл қабул кард. Ҳарчанд ҳамин тарҳ аз сӯи порлумон як моҳ пеш аз қабул шудан рад гардида буд.
Моҳи июни соли гузашта порлумон қонун "Дар бораи сӯистифода аз иттилоъ"-ро қабул ва барои имзо ба президент ирсол кард. Рӯзи 3 августи он сол президенти пешини Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков қонунро барои тағйиру иловаҳо ба порлумон баргардонид.
Дар қонуне, ки ҳамакнун қабул шуд ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳам корбарон ва ҳам соҳибони сомонаҳову ширкатҳои таъминкунандаи интернет навишта шудааст. Ҳангоми вайрон кардани меъёрҳои қонун мақомот метавонанд, дастрасӣ ба сомонаҳоро маҳдуд кунанд.
Коршиносони Қирғизистон мегӯянд, ин қонун бо Конститутсияи он кишвар, созишномаҳои байналхалқӣ мухолиф аст ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро маҳдуд мекунад.