Вилоятҳои Марӣ ва Лебап бештар аз як моҳ ба сафари президент омода шуданд.
Сафари президент Бердимуҳаммадов ба вилояти Марӣ таҳти назорати сахти амниятӣ баргузор мешавад.
Сокинони Марӣ мегӯянд, муҳофизони президент рӯзи 20 август вориди вилоят шуда, ҳаракати нақлиётро дар дохили шаҳри Марӣ маҳдуд карданд.
Рӯзи 23 август ба сокинони шаҳри Марӣ иҷозаи боз кардани тирезаҳо ва ба берун рафтанро надодаанд.
"Дар кӯчаҳо одам нест, ҳаракати нақлиёт манъ шудааст. Дар ҳар 10-15 қадам кормандони мақомоти қудратӣ истодаанд", - гуфт як сокини Марӣ.