Ин воксин дар ИМА ва чанд кишвари дигар ба таври густарда истифода мешавад. Аммо ИМА онро барои истифодаи маҳдуд қабул карда буд. Ҳамакнун ҳамаи маҳдудиятҳо аз он бардошта шудааст.
Дар ИМА ба ҷуз аз Pfizer ду воксини дигар Moderna ва Johnson&Johnson барои истифода иҷозат доранд. Дар маҷмуъ аз ин се воксин бештар аз 350 миллион воя ба шаҳрвандони Амрико зада шудааст.
Сарфи назар аз он ки дар ИМА бештар аз нисфи аҳолӣ воксин гирифтаанд, ҳафтаҳои охир теъдоди гирифторони вабои коронавирус дар ҳоли афзоиш аст. Мақомоти тиббии ИМА мегӯянд, вируси навъи "делта" дар ҳоли паҳншавӣ аст. Ҳолатҳои гирифтории воксинзадаҳо ҳам сабт шудааст.