Узбекистон фурӯши тилоро қатъ кард

Узбекистон фурӯши тилоро қатъ кард, хабар медиҳад кумитаи давлатии омори он кишвар.

Ба далели уфти қимати тило дар бозори ҷаҳонӣ дар соли 2020 Узбекистон содироти тилоро қатъ кардааст. Моҳи майи соли ҷорӣ қимати тило барои як унсия ба бештар аз 1900 доллар расид. Баъди ин Узбекистон содиротро зиёд ва дар ҳаҷми 1,2 млрд доллар тило фурӯхт.

Дар ҳоли ҳозир як унсияи тило 1782 доллар арзиш дорад. Дар ин робита Бонки марказии Узбекистон дубора фурӯши тилоро қатъ кардааст.

Захираи расмии дороиҳои Узбекистон айни замон 35,1 млрд долларро ташкил медиҳад.

Аз ин миқдор 21,5 миллиард доллари он дар намуди тило аст. Ин миқдор маблағ қариб 367 тона тилоро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG