Омонов дар наворе сару рӯи хуншорашро нишон дод.
Вай мегӯяд, чанд рӯз пеш ба сафорат барои баррасии тақдири минбаъдаи духтари дусолаи узбекистон даъват шуд, ки модараш дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Омонов гуфт, муҳофизони консулгарӣ ӯро баъди нуктагириаш дар мавриди муносибати дағалонаи онҳо латту кӯб карданд.
Ин ҳодиса рӯзи 19 август дар бахши консулгарии сафорати Узбекистон дар шаҳри Москва рух додааст.
Омонов мегӯяд, баъди ҳодиса як намояндаи сафорат ба вай тамос гирифта, ваъда кардааст, ки омилони латту кӯби блогер муҷозот хоҳанд шуд. Аммо дар изҳороти сафорати Узбекистон, ки рӯзи 20 август нашр шуд, омадааст, Омонов гунаҳкори асосии қазия унвон шудааст.
Дар изҳорот гуфта шудааст, ки блогер мехост, ғайриқонунӣ вориди бинои консулгарӣ шавад.
"Дар натиҷа муҳофизони сафорат маҷбур шуданд, ки ӯро аз вуруд ба бино манъ кунанд", - омадааст дар изҳороти сафорат.
Ҷурабек Омонов чанд сол аст, ки дар Русия истиқомат мекунад ва ба кӯмаки ҳамватанони муҳоҷираш машғул аст.