Ронандагон аз беамалии мақомот барои танзими нарх шикоят карда, мегӯянд, масъулин бояд чора андешанд.
Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди нозири нархҳо дар Тоҷикистон, пештар гуфтанд, ки сабаби якбора гарон шудани сӯзишворӣ “болоравии нарх дар бозори ҷаҳонӣ аст”.
Тибқи омори расмӣ, бештари ронандагон дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд, ки ба фарқ аз бензин арзонтар буд. Ҳоло ронандагон мегӯянд, арзиши гази моеъ ҳам тақрибан ба нархи бензин баробар шудааст.
Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе нишон дод, ки нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯш аз 8 сомониву 20 дирам боло аст. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик, 22-юми август бо нашри аксе дар Фейсбук навишт, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “БензОйл” нархи як литр газ ба 9 сомонӣ расидааст.
Дар нуқтаҳои ширкати “Газпром-Тоҷикистон”, ки аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт ба кишвар аст, пайдо кардани гази моеъ рӯзи 22-юми август номумкин буд.
Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ ду ҳафта пеш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нархи сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъ дар бозори ҷаҳонӣ гарон шудааст. Сокинон аз он нигаронӣ доранд, ки болоравии нархи сӯзишворӣ боис ба боло рафтани нархи маҳсулот дар бозор мешавад.