Ссылки доступа

Тоҷикистону Қирғизистон санади наве дар мавриди марз имзо карданд


Дар вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба поён расид.

Ин мулоқот аз 16 то 22 август дар шаҳри Исфанаи вилояти Бодканд баргузор гардид.

Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад, ки дар поёни мулоқот санаде имзо шудааст. Муҳтавои санад ошкор карда нашудааст.

Ҷонибҳо ба созиш расидаанд, ки мулоқоти навбатиро дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор кунанд.

Баъди низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ гуруҳҳои корӣ барои муайян ва аломатгузории марз чанд мулоқот баргузор карданд.

Тули марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километрро ташкил медиҳад, ки аз ин танҳо 519 км мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Дар марзи ду кишвар ҳамасола барои замин, барои обу роҳ ва чарогоҳ байни сокинони наздимарзӣ ҷанҷол сар мезанад.

XS
SM
MD
LG