Ссылки доступа

"Hindustan Times": Ҳинд 78 касро аз Кобул берун кард ва тавассути Душанбе ба Деҳлӣ мебарад


Расонаҳои Ҳиндустон хабар доданд, ки 78 кас, ба шумули 46 сикҳ ва ҳиндутабори Афғонистон, аз Кобул берун карда шуданд ва рӯзи сешанбе тавассути як парвози вижа аз Душанбеи Тоҷикистон ба Деҳлӣ бурда мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин робита ибрози назар накардаанд.

Рӯзномаи "Hindustan Times" 24-уми август бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҳинд хабар дод, ки аз ин 78 нафар 25 тани онҳо шаҳрвандони Ҳинд мебошанд. Онҳо як руз қабл тавассути як ҳавопаймои ҳиндӣ аз Кобул ба Душанбе интиқол дода шуданд.

Ҳинд дар ҳоли ҳозир ният дорад, дигар шаҳрвандони худ ва низ ҳиндутаборони афғонро аз Кобул берун кунад.

Пунет Синг Чандҳок, президенти Форуми ҷаҳонии ҳиндуҳо, гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир наздик ба 200 сикҳ ва ҳиндутабори афғон дар он кишвар дармондаанд. "Ба ин одамон дар минтақаи Кортаи Парвони Кобул дар наздикии фурудгоҳи ба номи Ҳомид Карзай паноҳгоҳ дода шудааст", -- гуфтааст ӯ ба хабаргузориҳо.

Ба навиштаи "Hindustan Times", Ҳинд рӯзи шанбеи гузашта наздик ба 540 нафар, аз ҷумла 475 шаҳрванди худро дар чанд парвоз аз Кобул, Душанбе ва Давҳа ба кишвар баргардонд. Наздик ба 200 нафар -- ба шумули дипломатҳо, мақомот ва кормандони амниятии сафорати Ҳинд ва дигар шаҳрвандони ин кишвар дар ду рӯзи пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон, Афғонистонро тарк кардаанд.

Пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон, раванди берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ аз Афғонистон суръат гирифтааст. Рузи гузашта мақомоти амрикоӣ эълон карданд, ки дар як ҳафтаи гузашта беш аз 25 ҳазор нафар тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Кобул ба берун интиқол дода шуданд.

Охири ҳафтаи гузашта чанд манбаи Радиои Озодӣ дар Кӯлоб ва Душанбе гуфтанд, даҳҳо сарбози Туркия дар ҳудуди Фурудгоҳи байнулиллии Кӯлоб, 200-километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон ҷойгир карда шуданд. Қарор аст, онҳо аз ин ҷо ба кишвари худ интиқол дода шаванд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо дар чанд ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG