Ссылки доступа

Толибон барои идораи Афғонистон шӯро таъсис медиҳанд


Лидер политического крыла "Талибана" Абдул Гани Барадар

Ҳаракати "Толибон" шӯроеро иборат аз 12 кас ташкил медиҳад, ки ин афрод Афғонистонро идора хоҳанд кард. Дар ин бора нашрияи Foreign Policy хабар дод.

Ба иттилои манобеи нашрия, роҳбари қаноти сиёсии "Толибон" Абдулғанӣ Бародар, роҳбари комисияи низомӣ, писари асосгузори ҳаракат мулло Умар Муҳаммад Яъқуб, инчунин аъзои гуруҳи террористии "Шабакаи Ҳаққонӣ" Халил ар-Раҳмон Ҳаққонӣ ба шӯро шомил мешаванд. Нашрия ҳамчунин менависад, толибон мехоҳанд, Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъудро ба шӯро шомил кунанд.

Бо вуҷуди тасарруфи Кобул ва талошҳо барои барқарории тартибот, ин гурӯҳ ба таҳдидҳо аз минтақаҳои шимолӣ, ки қудрати "Толибон"-ро эътироф намекунанд, рӯбарӯ аст.

Тибқи гузоришҳо, шумори қобили мулоҳизаи қувваҳои ҳукуматӣ ва неруҳои вижа дар дараи Панҷшер, воқеъ дар шимоли Кобул ҷамъ омадаанд.

Гузоришҳо мегӯянд, Толибон садҳо тан аз ҷангҷӯёни худро ба ин минтақа фиристодаанд. "Исломгароён нерӯҳои худро ба дарвозаҳои Панҷшер фиристодаанд", -- навиштааст Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президент дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ. Солеҳ ҳоло ба дараи Панҷшер паноҳ бурдааст.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, фармондеҳи маъруфи зидди Шӯравӣ ва муқовимат алайҳи "Толибон" мебошад. Аҳмад Масъуд рӯзи 22-юми август гуфт, умедвор аст, гуфтугӯҳо бо "Толибон" натиҷабахш бошад.

Ӯ айни замон гуфт, нерӯҳояш омодаи муқовимат мебошанд. "Мо мехоҳем Толибон дарк кунанд, ки ягона роҳи пешрафт гуфтугӯ аст. Мо ҷангро намехоҳем", -- афзуд ӯ.

"Ҳамзамон Ҷабҳаи муқовимати миллӣ омодаи даргирии дарозмуддат аст", - гуфт Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи ин гурӯҳ.

XS
SM
MD
LG