Ссылки доступа

Байден мумкин аст, рӯзи сешанбе тасмими тамдиди хуруҷ аз Кобулро бигирад


Президент ИМА Ҷо Байден мумкин аст, имрӯз, сешанбеи 24 август дар бораи тамдиди муҳлати берун овардани шаҳрвандони амрикоӣ ва ҳамкорони маҳаллии амрикоиҳо аз Кобул тасмим бигирад.

Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба як манбаъ дар Кохи сафеди ИМА иттилоъ дод.

Пештар аз ин Байден гуфта буд, ки низомиёни амрикоӣ то 31 август комилан аз Афғонистон берун оварда мешаванд. Аммо рӯзи якшанбе Байден дар як суханронӣ эътироф кард, ки ин "раванд мушкил ва дардисарсоз" шудааст. Байден гуфт, неруҳои амрикоӣ мумкин аст, баъди 31 август низ дар Афғонистон монанд.

Рӯзи душанбе намояндаи толибон гуфт, тамдиди муҳлати берунории артиши амрикоӣ аз Афғонистон метавонад, пайомадҳои манфӣ дошта бошад. Ин дар ҳолест, ки Бритониё аз ИМА хост, то анҷоми амалиёти берунорӣ дар Афғонистон боқӣ монад. Низомиёни бритониёӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ дар ин амалиёт ширкат доранд. Онҳо наметавонанд, бидуни неруҳои амрикоӣ, ки аз 6 ҳазор низомӣ иборат ҳастанд, ин амалиётро ба анҷом расонанд.

XS
SM
MD
LG