Ссылки доступа

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон соҳиби "Корнет" шуд


 Комплекс "Корнет"
Комплекс "Корнет"

Русия гуфт, дар пасманзари таҳаввулоти Афғонистон пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистон “бо маҷмаи мушакии зиддитонкии "Корнет" тақвият дода шуд”.

Хабаргузории “Интерфакс” бо такя ба дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомӣ 24-уми август хабар дод, ки ин маҷмаи мушакӣ навъи нави силоҳ буда, тавони расидан ба ҳадафҳои заминиву ҳавоӣ, аз ҷумла, чархболу ҳавопаймоҳои бесарнишинро дорад.

Дар дафтари матбуот шарҳ додаанд, ки мушак тавассути нурҳои лазерӣ ҳадафро пайгирӣ карда, дар фосилаи 5,5 километр ҳадди аксар ва 100 метр ҳадди ақал оташ мезанад.

Пойгоҳи 201-ум бо 7 ҳазор низомиаш калонтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар берун аз қаламрави ин кишвар буда, бар асоси созиши ду кишвар то соли 2042 дар хоки Тоҷикистон мемонад.

Русияву Тоҷикистон шарики стратегӣ буда, яке аз вазифаҳои пойгоҳи 201-ум мусоидат ба Тоҷикистон дар ҳолати сар задани таҳдиди низомӣ аз берун мебошад.

Бо вусъат ёфтани ишғолгариҳои “Толибон” дар Афғонистон мақомоти низомии Русия таъкид мекунанд, ки ин гурӯҳи тундрав ваъда додааст, берун аз марзи Афғонистон, аз ҷумла ба хоки кишварҳои муттафиқи Русия ҳамла намекунанд.

XS
SM
MD
LG