Ссылки доступа

Байден: ИМА нақша дорад, амалиёташро дар Афғонистон то 31 август хотима диҳад


ИМА ҳадаф дорад, ки ҳамаи амалиёти низомиҳояшро дар Афғонистон, аз ҷумла, берунории шаҳрвандони хориҷӣ ва қисман афғонистониҳоро то рӯзи 31 август хотима диҳад.

Амалиёт идома дорад, аммо анҷоми он дар муҳлати таъйиншуда аз ҳамкорӣ бо толибон низ вобаста аст. Дар ин бора рӯзи сешанбе президенти ИМА Ҷо Байден изҳори назар кард.

Вай гуфт, аз вазорати мудофиа ва департаменти давлатии кишвараш хостааст, ки нақшаи иловагиро барои ҳолатҳои ғайримунтазира таҳия кунанд.

"Мо ҳарчи бештар онҷо боқӣ монем, хатари ҳамлаҳои террористӣ ҳамон андоза афзоиш меёбад", - гуфт Байден.

Вазорати мудофиаи ИМА низ тавсия додааст, ки муҳлати беруноии низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон тамдид нашавад.

Ба ин тартиб, ИМА ҳадаф дорад, ки то 31 август ҳамаи дипломатҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва афғонистониҳоеро, ки бо созмонҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доштанд, аз он кишвар берун орад.

XS
SM
MD
LG