Ссылки доступа

Русия 500 шаҳрванди худу кишварҳои Осиёи Марказиро аз Кобул берун меорад


Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки берунории шаҳрвандони Русия, Украина, Белорус, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистонро аз Кобул созмон додааст.

Барои ин кор чаҳор ҳавопаймои низомӣ ҷудо шудааст. Дар доираи амалиёти мазкур бештар аз 500 шаҳрванд берун оварда мешавад, хабар медиҳад вазорати мудофиаи Русия.

Ҳаракати "Толибон" назорати қариб тамоми минтақаҳои Афғонистонро дар ихтиёр дорад ва чанде аз кишварҳо шаҳрвандонашонро аз Афғонистон берун меоранд. Сар аз 15 август, аз замоне, ки толибон Кобулро ишғол карданд, ИМА ва ҳампаймононаш даҳҳо ҳазор одамро аз Афғонистон ба берун бурданд.

Толибон монеи парвозҳое нестанд, ки шаҳрвандони хориҷиро ба берун мебаранд, аммо борҳо такрор карданд, ки ҳамаи низомиҳои хориҷӣ то рӯзи 31 август бояд фурудгоҳи Кобулро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG