Ссылки доступа

Додгоҳ сарвазири пешини Қирғизистон Темир Сариевро ба ҳабси пешакӣ гирифт


Темир Сариев
Темир Сариев

Додгоҳ ҳукми ҳабси пешакии сарвазири пешини Қирғизистон Темир Сариевро бе тағйир боқӣ монд. Сариев дар доираи парвандаи фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор" боздошт шудааст.

Бозбинии ҳабси пешакии Сариев имрӯз, 25 август дар додгоҳи шаҳрии Бишкек баргузор шуд. Вакилони мудофеи Сариев аз додгоҳ хоста буданд, ки ӯро ба ҳабси хонагӣ фиристад.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, Сариев дар замони вазири иқтисод буданаш ҳаҷми зарари аз кони тилои "Қумтор" расидаро кам нишон дода, дар натиҷа ба давлат зиёни бузург ворид шудааст.

Вакилони мудофеи Темир Сариев мегӯянд, вазир наметавонист, мустақилона тасмим бигирад.

XS
SM
MD
LG