Ссылки доступа

Хадамоти иктишофии ИМА дар мавриди пайдоиши COVID-19 ба хулоса нарасидааст


Охрана у института вирусологии в Ухане
Охрана у института вирусологии в Ухане

Расонаҳои амрикоӣ навиштанд, ки хадамоти иктишофии ин кишвар дар мавриди пайдоиши COVID-19 ба хулосаи қотеъонае нарасидааст.

Дар гузориши хадамоти иктишофии ИМА, ки рӯзи 24 август ба Кохи сафед муаррифӣ шуд, омадааст, ки масъалаи табиӣ ё маснуъӣ будани пайдоиши коронавирус ҳамоно ҳалношуда аст ва яке аз далелҳои он саркашии мақомоти Чин аз пешниҳоди иттилои зарурист.

Бино ба фарзияи асосӣ, манбаи пайдоиши коронавирус гӯшти ҳайвони ваҳшие буд, ки дар бозори шаҳри Вуҳони Чин фурӯхта мешуд. Нахустин гирифториҳо ба коронавирус дар моҳи декабри соли 2019 ошкор шуд. Аммо ҳукумати Трампро дар натиҷаи пажуҳиши хусусӣ ба иттилое даст ёфт, ки тирамоҳи соли 2019 кормандони институти вирусшиносии Вуҳон бо нишонаҳои шабеҳ ба COVID-19 бистарӣ шуда будаанд.

Хулосаи махфии хадамоти иктишофии ИМА бо дастури президенти Амрико Ҷо Байден таҳия шуд. Нашрияи Wall Street Journal навишт, дар хулоса омадааст, ки бояд бо ҷониби Чин ҳамкорӣ кард. "Агар Чин ба иттилои зарурӣ дастрасӣ надиҳад, мо ҳаргиз ҳақиқатро нахоҳем донист", - омадааст дар хулоса.

XS
SM
MD
LG