Болотбек Купешев, вазири маориф ва илми Қирғизистон итминон дод, ки ҷараёни таҳсил бо риояи талаботи беҳдоштӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Яке аз шартҳои асосии шуруъи таҳсил ба таври анъанавӣ воксинзании 70% омӯзгорон ва кормандони мактбаҳо аст. То ин замон дар Қирғизистон 55,8 дарсад ё 61 ҳазору 457 омӯзгору корманди соҳаи маориф воксини зидди коронавирус гирифтааст.
Дар Қирғизистон ба далели паҳншавии вабои коронавирус дар моҳи марти соли 2020 дарҳои мактабҳо баста шуда, таҳсил ба таври фосилавӣ ба роҳ монда шуд. Тамоми тули соли хониши 2020/2021 таҳсили фосилавӣ қисман идома кард.