Таркиши аввал дар дарвозаи вурудӣ ба фурудгоҳ ва таркиши дувум дар меҳмонхонаи Barron-и наздикии фурудгоҳ рух додааст.
Дар натиҷаи ин ду таркиш, бино ба иттилои охирин, 60 кас кушта ва на камтар аз 140 каси дигар маҷруҳ шудааст.
Пентагон марги 12 низомии ИМА-ро тасдиқ кард. Ҳамчунин на камтар аз 15 низомии дигари амрикоӣ ҷароҳат бардоштааст.
Хабарнигорон мегӯянд, дар Кобул чанд таркиши дигар низ рух додааст. Аммо дар бораи қурбониҳо ва захмиҳои таркишҳои охир иттилои дақиқе нест.
Ҳангоми таркишҳо дар фурудгоҳи Кобул ҳазорон афғонистонӣ ҳузур доштанд, ки мехостанд, тарки Кобул кунанд.