Тоқаев дар суҳбат бо президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар ин бора изҳори назар кард.
Тоқаев ҳамчунин гуфт, ки Қазоқистон метавонад, идораи СММ дар Афғонистонро муваққатан дар шаҳри Алмато ҷо диҳад.
Дар ҳафтаҳои охир теъдоди зиёде аз афғонистонҳо ба Тоҷикистон ва Узбекистон фирор карданд. Ҳамлаҳои толибон дар Афғонистон ва ишғоли Кобул аз сӯи ҷангҷӯён нигарониро дар кишварҳои минтақа ба бор овардааст.