Ссылки доступа

Нашрияҳои Русия зидди таъқиби расонаҳо иқдоми ҳамрайъӣ баргузор мекунанд


Чанде аз расонаҳои Русия, аз ҷумла "Новая газета", 7x7, Republic, Wonderzine, бахши русии маҷаллаи Forbes, "Медуза", "Дожд", имрӯз, ҷумъаи 27 август бо нишони ҳамраъйӣ аз расонаҳои мустақил ва таъқиби рӯзноманигорон иқдоме баргузор мекунанд.

Ин расонаҳо ҳамзамон муроҷиати бозеро ба унвонии президенти Русия, мудири Хадамоти федеролии амният, вазири корҳои дохилӣ, раиси Думаи давлатӣ ва дигар мансабдорони баландпояву ходимони давлатии он кишвар нашр мекунанд.

Рӯзноманигорон талаб хоҳанд кард, ки қарори "агенти хориҷӣ" ном кардани расонаҳо, рӯзноманигорон ва созмонҳои иҷтимоӣ бекор ва таъқиби маъмурии рӯзноманигорон қатъ шавад.

"Ҳаводисе, ки мегузарад, монанд ба маъракаи маҳви расонаҳои ғайридавлатӣ ва фишор ба рӯзноманигорони алоҳида аст", - омадааст дар муроҷиати дастаҷамъии расонаҳо.

Рӯзи 20 август вазорати адлияи Русия телевизиони "Дожд" ва сомонаи иттилоотии "Важные истории"-ро шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" кард. Ба ин тартиб, дар ин рӯйхат 43 шахси ҳуқуқиву воқеӣ ворид шуд. Дар ин рӯйхат аз ҷумла чанд тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва рӯзноманигорони ҳамкор бо бахши русии Радиои Озодӣ ҳастанд. Радиои Озодӣ қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-ро дар Русия фишороваранда медонад.

XS
SM
MD
LG