Ссылки доступа

Ваъдаи ташкили ҳудуди 2 ҳазор ҷои нави корӣ дар ҷануби Қирғизистон


Дар натиҷаи сармоягузорӣ дар ду корхонаи бузургтарини саноатии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон наздики 2000 ҷои нави корӣ ташкил хоҳад шуд.

Дар ин бора дар ҷараёни боздиди президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз корхонаҳои мазкур дар рӯзи 28 август хабар дода шудааст.

Ҳамчунин аз имзои созишнома бо ширкати "Дуваташ", иттилоъ дода мешавад, ки қасди истихроҷи тило дар кони минтақаро дорад.

Ҷониби сармоягузор барои содир кардани маҳсулоти ҳар ду корхона ба бозори ҷаҳонӣ ва бунёди майдони варзишию мактабҳо дар доираи барномаи иҷтимоияш дар Қирӯизистон изҳори омодагӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир дар ду корхона қабули коргарон шуруъ шуда, таҷҳизоти нав низ харидорӣ мешавад. Ташкили ҳудуди 800 ҷои нави корӣ дар корхонаи Қадамҷой ва 1000 ҷои дигар дар корхонаи Айдаркен дар назар аст.

XS
SM
MD
LG